Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар

1 April 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баргузор гардид.

Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Бо розигии сарони давлатҳо аз ҷониби намояндагони масъули ҷонибҳо иншооти рамзӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт. Садои мусиқӣ дар майдони ифтитоҳи иншоот бо истифода аз карнай, сурнай ва дигар созҳои миллӣ ба маросим шукӯҳи хосса бахшид.

‹ All news
Link copied