Федерация независимых

профсоюзов Таджикистана

Национальное единство и защита прав работников
Эмблема Федерации

Суоли Шумо — ҷавоби мо

17 декабря 20241 мин чтения
Полный текст новости доступен на таджикском языке.

— Оё занони ҳомиладор ва фарзанддорро ба кор қабул накардан мумкин аст?

-Тибқи талаботи моддаи 23 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул накардани занони ҳомиладор ё фарзанддор манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кӯдаки то сесола ё кӯдаки маъюб доранд, ҳангоми рад кардан аз қабул ба кор корфармо ӯҳдадор аст, бо талаби корманд дар муҳлати 3 рӯзи корӣ сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.

— Агар корфармо ё намояндаи ӯ аз бастани шартномаи коллективӣ саркашӣ кунад? -Мутобиқи моддаи 101 Кодекси ҳуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Барои беасос саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ӯ аз бастани шартномаи (созишномаи) коллективии муқаррарнамудаи қонун, ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

‹ Ко всем новостям
Ссылка скопирована