Федерация независимых

профсоюзов Таджикистана

Национальное единство и защита прав работников
Эмблема Федерации

Инро бояд донист

22 августа 20241 мин чтения
Полный текст новости доступен на таджикском языке.

Киҳо ҳуқуки гирифтани кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатиро доранд?

Асоси ҳуқуқии пардохти кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ дар моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сууртаи давлатии иҷтимоӣ» ба таври зайл оварда шудааст: «Тартиб ва шартҳои пардохти қӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (қҷт.аз 28.12.13,№1059)»

«8. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандон дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
— дар давраи беморие (ё осеб бардоштан), ки боиси гум кардани қобилияти корӣ мегардад;
— дар давраи бемории аъзои оила, дар сурати зарурати нигоҳубини ӯ;
— дар давраи карантин;
— дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо сабаби бемории сил ва ё бемории касбӣ;
— ҳангоми протезкунонӣ бо ҷойгир намудан дар статсионари муассисаи протезкунонию ортопедӣ.»

‹ Ко всем новостям
Ссылка скопирована