Федерация независимых

профсоюзов Таджикистана

Национальное единство и защита прав работников
Эмблема Федерации

Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

17 августа 20241 мин чтения
Полный текст новости доступен на таджикском языке.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Иттифоқҳои касаба бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ва “Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ” як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Аз ҷумла 8 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалӣ барои дарёфти «Суперҷом» оид ба футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои тандурустии вилоят баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа ҷои якумро дастаи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм дастаи Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ва Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона ва ҷои сеюмро дастаи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустии вилоят ҷои якумро дастаи Тавалудхонаи вилояти, ҷои дуюм дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ва ҷои сеюмро дастаи Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи Шоҳмот байни кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят, ҷои якум насиби Тошматов Абдуҷалил Абдуҷамилович сартабиби Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд, ҷои дуюм насиби Исматов Абдураҳмон мудири амбори дорувории Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва ҷои сеюм насиби Мирзоқулов Сӯҳроб Маҳмудҷонович табиби шӯъбаи аксбардории рентгении Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ишғол намуданд. Дар ҷамбасти чорабиниҳо ғолибон бо Ҷом, Медал, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

‹ Ко всем новостям
Ссылка скопирована