Федерация независимых

профсоюзов Таджикистана

Национальное единство и защита прав работников
Эмблема Федерации

Ҷаласаи кории назди раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

18 июня 20251 мин чтения
Полный текст новости доступен на таджикском языке.

Санаи 17 июни соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷаласаи кории раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҳадафҳои оинномавии иттифоқи касаба, аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025, пардохти қарзи музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи вилоят, ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият дар кумитаҳои соҳавии вилоят, риояи интизоми иҷроия ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор дода шуданд.

Дар фарҷом Раиси Шӯро нисбати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини сифатноки иҷрои дастуру супориш ва қарорҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифагузорӣ намуд.

‹ Ко всем новостям
Ссылка скопирована