Федерация независимых

профсоюзов Таджикистана

Национальное единство и защита прав работников
Эмблема Федерации

Такмили малака ва бозомӯзии кормандони иттифоқи касаба

24 мая 20241 мин чтения
Полный текст новости доступен на таджикском языке.

Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Коргузорӣ дар дар ташкилотҳои Иттифоқи касаба» баргузор гардид.

Семинари омӯзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ ба роҳ мондани корҳои ташкилию методӣ, такмили малака, бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба мебошад. Дар семинари омӯзишии сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ оид ба масъалаҳои коргузорӣ, ҳисобгирии молиявӣ дар Иттифоқи касаба ва назорати ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи раисони Иттифоқи касаба, корҳои тавсиявӣ ва дастурдиҳиро ба роҳ монданд.

‹ Ко всем новостям
Ссылка скопирована