Федерация независимых

профсоюзов Таджикистана

Национальное единство и защита прав работников
Эмблема Федерации

Вохӯрӣ бо донишҷӯён

25 апреля 20241 мин чтения
Полный текст новости доступен на таджикском языке.

Санаи 23 апрели соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вохӯрии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд — Абдуллозода Ш.Б ва роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд бо донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раисони иттифоқҳои касаба ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров иштирок намуданд.

Дар оғоз Маллаев О.М. — раиси кумитаи вилоятӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва таърихи кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки соли сипаришуда 90 солагии таъсисёбии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва 70 солагии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоятро қайд намуданд, суханронӣ намуд.

Сипас, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло баромад намуда, оид ба мақсаду маром ва ҳадафҳои оинномавии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва фаъолияти ин ниҳод дар самти тадбиқ намудани ҳадафҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсолааашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ” андешаронӣ намуд. Инчунин, оид ба фаъолияти ҳаракати валантёрӣ, ки дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таъсис дода шудааст ва ҳамкориҳои иттифоқҳои касаба бо ҷавонони вилоят ибрози ақида намуда, ҳамаи иштирокчиёни вохӯрии мазкурро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Дар фарҷом ба 2 нафар донишҷӯёни аълохони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд идрорпулии Кумитаи ҷумҳуриявӣ, ба 5 нафар донишҷӯёни аълохони Коллеҷи тиббии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров идрорпулии кумитаи вилоятӣ ва ба 63 нафар донишҷуёни фаъоли ин коллеҷҳо кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ супорида шуд.

‹ Ко всем новостям
Ссылка скопирована