Category Archive for : ‘Ахбор’

Маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар

Маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баргузор гардид. Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва аз рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд, баргузор гардид. Сарвари давлати мо меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, ӯро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва таъкид доштанд, ки вохӯриҳои имрӯза бо назардошти масъалаҳои баррасишаванда аҳамияти […]

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода гузориш […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд. Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама […]

Паёми табрикии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Паёми табрикии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Дар оғози фасли зебои табиат фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли аъзои иттифоқҳои касаба, мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям. Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ […]

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт. Маросими гусели меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ гусел карданд. Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар […]

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

17.03.2025, Русия Ташаккур, муҳтарам Владимир Владимирович! Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ  ба Федератсияи Русия миннатдории самимӣ изҳор намоям. Тавре аллакай муҳтарам Владимир Владимирович таъкид карданд, зимни музокирот мо масъалаҳои калидии  муносибатҳои ҳар ду давлат, инчунин мушкилоти […]

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди […]

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва […]