15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – Тоҷиксовпроф таъсис дода шуд. 19 апрели соли 1937 мутобиқи қарори пленуми иттифоқҳои касаба марказии Итиҳоди Шӯравӣ шӯроҳои итифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ барҳам дода шуданд. Соли 1948 Тоҷиксовпроф аз нав таъсис дода шуд Бо қарори анҷумани XV Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 24 январи соли 1991 Тоҷиксовпроф ба Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Бо қарори Анҷумани шонздаҳуми Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1996 Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Анҷумани ҳабдаҳуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 26 майи соли 2001 Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва бо қарори анҷумани ҳаждаҳуми иттифоқҳои касаба аз 25 майи соли 2006 дубора бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номгузорӣ шуд.