Дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии “Шарора”-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бобати омодагии истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони соли 2024 бо кадрҳои роҳбарикунандаи омўзгорӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои педегогӣ, мураббиҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш семинар-машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузв, масъулони Вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.