Суоли Шумо – ҷавоби мо

Суоли Шумо – ҷавоби мо

– Оё занони ҳомиладор ва фарзанддорро ба кор қабул накардан мумкин аст?

-Тибқи талаботи моддаи 23 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул накардани занони ҳомиладор ё фарзанддор манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кўдаки то сесола ё кўдаки маъюб доранд, ҳангоми рад кардан аз қабул ба кор корфармо ўҳдадор аст, бо талаби корманд дар муҳлати 3 рўзи корӣ сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.

Агар корфармо ё намояндаи ў аз бастани шартномаи коллективӣ саркашӣ кунад? -Мутобиқи моддаи 101 Кодекси ҳуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Барои беасос саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ў аз бастани шартномаи (созишномаи) коллективии муқаррарнамудаи қонун, ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.