Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Баргузории раёсати шӯро

18 April 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯро баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои раёсат, кормандони масъули дастгоҳи Шӯро ва дигар шахсони масъули ба масъалаҳои баррасигардида вобаста иштирок намуданд.

Дар Раёсат масъалаҳои зерин, аз ҷумла дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025, вазъи бартараф намудани қарздорӣ оид ба музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои вилоят, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025, сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, оид ба қарорҳои Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи дохилиидоравии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо раиси Шӯро аз масъулин пурсишҳо ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва вусъат бахшидани фаъолият дастуру супоришҳо дод. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

‹ All news
Link copied