Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Баргузории ҷаласаи Кумитаи соҳавӣ

14 April 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Дар толори хурди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025, дар бораи қарзи музди меҳнат ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷаласаро раиси Кумита Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович оғоз намуда, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳисобот дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович — раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

‹ All news
Link copied