Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Мулоқот бо андрей ветлужских

4 ноябри 20241 дақиқа хондан

Маликшо Неъматзода — Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Свердловск бо Андрей Ветлужских — Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск мулоқот доир намуд.

Ҳангоми мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳо бо минтақаҳои Федератсияи Россия, ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва солимгардонӣ ба мувофиқа расиданд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд