Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Машғулияти навбатии Мактаби захираи кадрҳо

22 октябри 20241 дақиқа хондан

Дирӯз машғулияти навбатии курси Мактаби захираи кадрҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баргузор гардид.

Дар суҳбат доир ба аҳамияти таърихию сиёсии Конститутсия, омӯхтани илму дониш, донистани забонҳои хориҷӣ, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат бобати таъмини сулҳу субот ибрози андеша намуда, ҷавононро барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ватандустӣ, дар ҳифзи манфиатҳои халқу миллат ҳамеша омода будан раҳнамоӣ намуд.

Дар анҷом шунавандагон ба саволҳои худ посух гирифтанд. Мулоқот хеле ҷолиб сурат гирифт.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд