Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд

11 октябри 20241 дақиқа хондан

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф» иштирок менамоянд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд