Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон

26 июни 20251 дақиқа хондан

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинону аҳли фарҳанги ноҳия самимона ва бо шодиву сурур истиқбол гирифтанд. Лозим ба зикр аст, ки ноҳияи Рӯшон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушду пешрафти назаррас ноил гардидааст ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар сатҳи зиндагии сокинонаш сол аз сол беҳтар мегардад.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд