Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Ғолибонро Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ намуд

26 августи 20241 дақиқа хондан

Дар майдони футболи хурди назди Қасри варзишии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 33-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур тӯли 10 рӯз давом карда, 8 даста барои ба даст овардани ҷоми мусобиқа байни ҳам рақобат намуданд.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон, намояндаи лигаи олии футзали Тоҷикистон ва ба ҳайси меҳмони фахрӣ ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж — 2024 Сомон Маҳмадбеков иштирок доштанд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа ҷому медалҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд