Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Ҳисор. Семинари омӯзишӣ оид ба барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак

17 августи 20241 дақиқа хондан

Дар Маҷмааи фароғатӣ ва хизматрасонии «Шаршара» шаҳри Ҳисор дар доираи лоиҳаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба, ассосиатсияи волидон ва омӯзгорон, роҳбарони синфҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор семинари омӯзишӣ оид ба барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи семинар Қурбонов М муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони малориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни иттифоқҳои касаба ва корфармоён, аз ҷумла оид ба меҳнати вазнини кӯдак назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷониби Тоҷикистон конвенсия ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.

Дар семинари омӯзишии мазкур, масъалаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар самти барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак, шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак, омилҳои барҳам додани он, нақши Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи маориф дар раванди барҳамдиҳии шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак, ҳамкориии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ассосиатсияи волидон ва омӯзгорон, роҳбари синфҳо дар раванди пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнин, нақши омӯзгор, ассосиатсияи волидону омӯзгорон, роҳбари синф муайян карда шуд. Оид ба масъалаҳои меҳнати вазнини кӯдак чорабиниҳои муштарак таҳия шуда, оид ба таври назарияву амалӣ истифода намудани он кори гурӯҳӣ ташкил карда шуд. Дар анҷоми семинари омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинар ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнин тавсияҳои ҳуқуқӣ ва методӣ дода шуд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд