Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

САЛОМ, ТОБИСТОН! Истироҳатгоҳи «Саодат» ба фаъолият оғоз намуд

21 июни 20241 дақиқа хондан

20 июни соли равон басти аввали истироҳати наврасону кӯдакон дар истироҳатгоҳи «Саодат»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ оғоз гардид.

Зимни маросими ифтитоҳи истироҳатгоҳ зикр гардид, ки ғамхориҳои имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати истироҳату фароғати кӯдакон дар мавсими тобистон, баланд бардоштани, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст. Таъкид гардид, ки дар истироҳатгоҳи «Саодат» тамоми шароитҳои мусоид барои истироҳату фароғати наврасон ва кӯдакон фароҳам оварда шуда баҳри босамар гузаштани истироҳати онҳо бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд