Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузоштанд

23 майи 20241 дақиқа хондан

ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд