Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

22 майи 20241 дақиқа хондан

ДУШАНБЕ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ва ҳамчунин барои иҷрои супоришҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла барои таъмини волоияти қонун ва амну суботи устувор дар ҷомеа ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд