Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Баргузории конференсия

1 майи 20241 дақиқа хондан

Санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд конференсия ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ва Рӯзи якдилии меҳнаткашон бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, нозирони меҳнату ҳуқуқ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар конференсия Самизода Мӯсобек – раиси кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм, Оқилов Толиб Дадоҷонович — муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Раҳматов Сайфуллохон — намояндаи Раёсати маорифи вилоят иштирок ва баромад намуданд.

Дар охир Муроҷиатноми Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба муносибати 28 апрел — Рӯзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ва ба муносибати Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон – 1 май ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Барои фаъолияти пурсамару софдилона 15 нафар фаъолони соҳаи маориф бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд