Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Маълумот

20 марти 20241 дақиқа хондан

РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ

Дар асоси моддаи 89 қисми 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муайян карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — 21-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда шудааст.

Тибқи муқарароти моддаи 89 қисми 5 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.

Боназардошти он, ки санаҳои 23-24 март ба рӯзи истироҳат рост меояд, санаҳои 25-26 март низ барои кормандоне, ки реҷаи кории 5 рӯза доранд, рӯзҳои истироҳат ҳисобида мешавад. Барои кормандоне, ки реҷаи кории 6 рӯза доранд санаи 26 март рӯзи корӣ мебошад.

‹ Ба ҳамаи хабарҳо
Пайванд нусхабардорӣ шуд