Category Archive for : ‘Ахбор’

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид. […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид. Роҳбари […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ “Ховар”/. Нимаи дуюми рӯзи 28 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар оғози мулоқот муҳтарам […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо […]

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Нахуст мулоқоти […]

Рустами Эмомалӣ бо Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

Рустами Эмомалӣ бо Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 22.05.2025  /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид […]

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ

Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рўзи ҷаҳонии футбол даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ аз рўи намудҳои футболи хурд, тениси рўи миз ва шоҳмот байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шаҳобзода Сайвалӣ Қурбоналӣ, […]

Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон» дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуданд

Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон» дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 21.05.2025  /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуданд. Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид. Нақши Маҷмаи Умумӣ ҳамчун ниҳоди бонуфузи Созмони Милали […]

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОХЎРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОХЎРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой санаи 14-16 майи соли равон вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Муғулистон ҷараён ёфт Дар вохӯрии мазкур ҳайати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон […]