ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОХЎРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОХЎРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой санаи 14-16 майи соли равон вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Муғулистон ҷараён ёфт

Дар вохӯрии мазкур ҳайати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок намуд.

Зимни баромад дар дар вохўрии мазкур, Исмоил Файзизода зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои гуногуни байналмилалиро дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризму ҷинояткории фаромиллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намуда, ҳамчун ташаббускор дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ баромад менамоянд.

Таъкид гардид, ки дар ин радиф ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоишҳои дигари сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд.

Дар доираи вохўрии мазкур, семинар дар мавзўи «Масъалаҳои модернизатсия ва нақши Иттифоқҳои касаба дар Созмони Ҳамкории Шанхай» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда иброз дошт, ки ҳадафҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб меёбанд.

Таъкид гардид, ки ташкил ва баргузории чунин вохўриҳо дар сатҳи Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Иттифоқҳои касаба имкон медиҳад, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мушкилоту имконотро якҷоя баррасӣ намоянд, дар самти ҳамкорӣ ва таҳкими ҳаракати иттифоқҳои касаба қадамҳои устувор гузоранд.

Ҳамчунин, дар доираи вохўрии мазкур чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамоиши роҳбарони Иттифоқҳои касабаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай» баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиш роҳбарони Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Муғулистон, Покистон, Ҳиндустон ҷиҳати таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба дар давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, табодули таҷриба, ҳамкориҳои бисёрҷониба байни ҳамдигар муколама намуданд.

​ Намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар вохўрии мазкур иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хайси яке аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ва баланд бардоштани имиҷи ин Созмон саҳми созанда мегузорад. Аз ҷумла, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи харакати иттифоқҳои касаба дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ, ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар ширкатҳои фаромиллӣ бо Иттифоқҳои касабаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай шарикии иҷтимоӣ равона шудааст. Дар доираи сафари корӣ роҳбарони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Муғулистон аз корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дидан намуда ба шароити кори кормандон, нақш ва мақоми иттифоқи касаба дар Ҷумҳурии Мардуми Хитой шинос гардида, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд байни Иттифоқҳои касабаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.