Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем
Ҷавонони бонангу номуси кишвар!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати идатон – Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод мегӯем.
Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки “Мо ҷавононро бояд тавре тарбия карда, ба камол расонем, ки онҳо фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд”.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон чун ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид намуда, ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои тамоми кормандони муассисаю корхонаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷавононро рисолати аввалияи хеш ҳисобида, дар амали гаштани ин амали бағоят муҳим пайваста саъю талош менамояд.
Дар фарҷом бори дигар шумоёнро бо иди саидатон табрик намуда, ба шумо тансиҳатӣ, тавфиқи кор ва ободии хонадонро таманно менамоем.
Бо эҳтиром,
Раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода