Имрӯз бахшида ба 100-солагии таъсисёбии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби раиси Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон Бердилиева Огулҷеннет Какадурдыевна ба унвони Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Қарахон Чиллазода барқияи шодбошӣ ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Муҳтарам Қарахон Чиллазода!
Аз номи Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ҳамаи иштирокчиёни ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишварро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 октябр таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ роҳи назарраси ташаккул ва рушдро тай намуда, дар ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон, таҳкими муколамаи иҷтимоӣ ва рушди муносибатҳои меҳнатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Боварӣ дорам, ки ҳамкории бисёрсолаи байни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Туркманистон ва Тоҷикистон, ки бар пояи принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамраъйӣ асос ёфтааст, минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт ва барои табодули таҷриба, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва пешбурди меҳнати шоиста имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард.
Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои нав орзу менамоям».
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 24 октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил мешавад ва имсол ин ниҳоди ҳомии коргарон 100-сола мешавад. Ба ин муносибат воридшавии номаҳои шодбошӣ ба Федератсия идома доранд.


