ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ЧИЛЛАЗОДА ҚАРАХОН БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ЧИЛЛАЗОДА ҚАРАХОН БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам роҳбарону фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, аъзои иттифоқҳои касабаи кишвар ва ҳамватанони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи озодонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон қабул гардидааст, ҳамчун Қонуни асосии давлат заминаи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи суботу амният, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор рафта, барои ташаккули низоми давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи устувор фароҳам овард.

Конститутсия дар баробари муайян намудани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ба муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти шаҳрвандон аҳаммияти махсус медиҳад. Маҳз ҳамин меъёрҳои конститутсионӣ фаъолияти иттифоқҳои касабаро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тақвият мебахшанд.

Иттифоқҳои касаба дар татбиқи арзишҳои конститутсионӣ, пеш аз ҳама, тавассути ҳимояи ҳуқуқи кормандон, мусоидат ба таъмини шароити бехатару муносиб дар ҷойи кор, риояи қонунгузории меҳнат, таҳкими шарикии иҷтимоӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ саҳми муҳим мегузоранд. Дар ин замина, масъулияти ташкилотҳои ҳамузв ва кумитаҳои соҳавӣ аз он иборат аст, ки фаъолияти худро ба ҳифзи манфиатҳои қонунии аъзои иттифоқҳои касаба, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва густариши ҳамкории созанда бо корфармоён равона намоянд.

Итминон дорам, ки бо такя ба арзишҳои Конститутсия, эҳтиром ба қонун ва муттаҳидии аъзои иттифоқҳои касаба мо метавонем дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, таҳкими суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар муҳити корӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳли заҳмат саҳми бештар гузорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, дар фаъолияти пурмасъулияти касбӣ муваффақият, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон иродаи қавӣ ва дастовардҳои назаррас орзу менамоям.

Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва роҳнамои зиндагии осоиштаву созанда хизмат намояд!

Leave a Comment

Your email address will not be published.