ИТТИФОҚИ КАСАБА ҲАМЧУН ТАШКИЛОТИ ОММАВӢ

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвар санаи 24 октябр Рӯзи иттифоқи касаба таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.

Дар кишвари мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019 зикр доштанд “Дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад. Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон имрӯз қариб 870 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекунанд”. Мавриди зикр мебошад, ки ҳарӯз санаи 2 августи соли 2011, №757 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” қабул гардид, ки аз 6 бобу 39 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъсиси иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои фаъолияти онҳоро муайян намуда, муносибатҳои иттифоқҳои касабаро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамояд.

Иттифоқи касаба ин ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд.

Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ин иттиҳодияи ихтиёрии дар асоси оиннома ва ё низомномаи иттифоқи касаба амалкунандаи аъзои иттифоқи касаба, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот, ҷамъият новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ кор мекунанд ё дар як муассисаи таълимӣ таҳсил менамоянд (минбаъд- корхона) ба ҳисоб меравад. Аъзои иттифоқи касаба ин шахсони ба синни 15 расидае, ки ихтиёран ба иттифоқи касаба дохил шудаанд, оинномаи (низомномаи) онро эътироф менамоянд ва дар қайди ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба буда, ҳаққи аъзогӣ мепардозанд, фаҳима мешавад. Қобили зикр аст, ки иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд. Таъмини меҳнати арзанда ва маоши муносиб яке аз вазифаҳои асосии ҳам давлат ва ҳам иттифоқҳои касаба мебошад. Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019 зикр доштанд “Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиқ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад. Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Тавре дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд».

Далер Алиев – сармутахассиси Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published.