Category Archive for : ‘Ахбор’

Ҷаласаҳои  Кумитаи  иҷроия ва Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон

16.06.2025. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Федератсия Қарахон Чиллазода ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсия баргузор гардиданд. Дар кори ҷаласаҳо аъзои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсия, ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия  масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1. Дар бораи […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии […]

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди меҳнати кӯдак– 12 июн

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди меҳнати кӯдак– 12 июн

         Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди меҳнати кӯдак муайян намудааст ва ин ҷашнро дар саросари дунё бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ таҷлил менамоянд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бахшида ба ин рӯз мавзӯи асосӣ ҳамчун шиори рӯз интихоб намуда, вобаста ба он чорабиниҳоро ташкил ва баргузор менамояд.         Тоҷикистон […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус

09.06.2025, Фаронса Хонумҳо ва ҷанобон, Имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст. Хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд. Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба уқёнусҳо алоқаманд набошад ҳам, дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суҳбатҳо анҷом доданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суҳбатҳо анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 8-9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ва дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо як қатор иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид. Дар оғози суҳбат Эммануэл Макрон ба Президенти кишвари мо барои қабули даъват […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 08.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд

8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д’Азури шаҳри Нитса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд. Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва маросими муаррифии […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Президенти […]