Ҷаласаҳои  Кумитаи  иҷроия ва Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон

16.06.2025. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Федератсия Қарахон Чиллазода ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсия баргузор гардиданд.

Дар кори ҷаласаҳо аъзои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсия, ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия  масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Дар бораи харҷномаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои истироҳату солимгардонӣ дар соли 2025;

2. Дар бораи фаъолияти Муассисаи рўзномаи “Ҳамраъйӣ-и Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили  Тоҷикистон;

3. Ҷаласаи Комиссияи танзим;

4. Дар бораи даъвати ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Шўрои генералии Федератсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Дар бораи қатъ гардидан ва тасдиқи ваколати аъзои Шўрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

2. Ахбороти Шўрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оид ба омодагӣ ба сафари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба ВМКБ дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ;

      3. Ҳисоботи давравӣ оид ба Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2025;

     4. Ҳисоботи давравӣ  оиди ба фаъолияти Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2025;

     5.Ҳисоботи давравӣ оид ба фаъолияти Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

  Аз рӯи масъалаҳои номбурда Раиси Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар назди ҳозирин баромад кард. 

    Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаҳо  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.