Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди меҳнати кӯдак муайян намудааст ва ин ҷашнро дар саросари дунё бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ таҷлил менамоянд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бахшида ба ин рӯз мавзӯи асосӣ ҳамчун шиори рӯз интихоб намуда, вобаста ба он чорабиниҳоро ташкил ва баргузор менамояд.
Тоҷикистон дорои нуфузи аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад ва давлати мо мавқеи худро нисбати ҳуқуқи кӯдак муайян кардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷаҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), КонвесияҳоиТашкилоти Байналмилалии Меҳнат№ 138 “Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан” (1993) ва №182 “Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак”(2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оид ба манъ намудан ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.
Мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, барои таҳкими минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ин самт пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Рушди иқтисодиёти кишвар, баландшавии сатҳи некӯаҳволии мардум имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кӯдак мақомоти иҷроия давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил шуда истодаем.
Баҳри дар амал таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла, барҳам додани меҳнати кӯдак дар пеш корхои зиёдеро мебояд анҷом дод, чунки давлатҳои аъзои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Тоҷикистон низ аъзои он аст, мақсад гузоштаанд, ки то соли 2028 шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконро барҳам диҳанд.
Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, таҳти №169 “Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” ва аз 30 августи соли 2024, таҳти № 485 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” тасдиқ гардидаанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тасвибрасида ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, равона карда шуда, барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат, таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории насли наврас дар ҷараёни ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Бояд ба ҳар як шаҳрванд, корфармо, корманд ва падару модар муҳтавои ин хуҷҷатҳои зарур расонида шавад.
Имрӯз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат як қатор Барномаҳоро амалӣ кард ва карда истодааст, ки ба бартараф намудани ҳамаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мусоидат менамояд.
Ҳоло дар назди шуъбаи хифзи меҳнати Федератсия “Зершуъба оид ба меҳнати кӯдакон”таъсис дода шудааст, ки мутобиқи нақшаи кори шуъба омӯзиш-тренингҳо бо нозирони меҳнат ва фаъолони иттифоқи касаба дар ин мавзӯъ гузаронида шудаанд.
Зершуъба чун марказ оид ба масоили кӯдакон барои иттифоқҳои касаба фаъолият мебарад ва чораву тадбирҳои иттифоқҳои касабаро оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон якҷоя бо ташкилотҳои ҳамузв ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ ва истироҳат дар муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ дар давраи таътили тобистонаро омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон медонад.
Шумораи кўдакону наврасоне, ки дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷудошуда 4448 нафар дар 28 лагерҳои беруназшаҳрӣ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, кўдакон аз оилаҳои камбизоат, кўдакони болаёқат, кўдакон аз мактаб-интернатҳо мебошанд.
Дар мавсими фарогирии кӯдакон ба истироҳату солимгардонии таътили тобистонаи соли 2025 дар нақша аст, ки шумораи муайяни кӯдаконро дар 27 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта шавад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои идомаи иқдомҳои мушаххас ҷиҳати ба пуррагӣ аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо ба роҳ мондани муҳокимаи васеъи масъалаҳои меҳнати кӯдакон, тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ-тарѓиботӣ дар воситаҳои ахбори омма, бахусус рўзномаҳои соҳавии “Ҳамраъйӣ”, “Иттифоқ”, “Кошонаи умед”, “Ҳомии омўзгор”, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, гузаронидани санҷишҳо ва семинарҳои омўзишӣ дар корхонаҳо даъват менамояд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон умед ба он дорад, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба барои барњам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мусоидат менамояд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон