Category Archive for : ‘Ахбор’

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2025” БАРГУЗОР ГАРДИД.

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2025” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Санаи 2 июни соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо роҳбарии раиси ситод, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи ситоди вилоятии «Тобистон-2025» баргузор гардид.  Дар кори он аъзои ситоди вилоятӣ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд. Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят оид ба рафти омодагӣ ба мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва […]

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОД

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОД

Санаи 4 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба барҳам додани қарздорӣ аз музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.  Раиси Шӯро ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оиди сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон ва рў ба афзоиш доштани қарздорӣ аз музди меҳнат изҳори нигаронӣ намуд. […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд. Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли 2024 оғоз ёфта, […]

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар Боғи “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолона ширкат варзиданд.

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ғолиби Чемпионати CAFA-2025 гардид

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ғолиби Чемпионати CAFA-2025 гардид

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,  дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар гурӯҳи «В» бар тимҳои Туркманистон (4:1) ва Афғонистон (3:0) пирӯз шуда, аз мақоми […]

Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»

Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти на танҳо як минтақа, балки ҷаҳон  ҷамъ оварад. Агар мо имрӯз барои ҳалли ин мушкилот ба таври сарҷамъ ва муштарак  амал накунем, он дар оянда барои ҳар сокини ҷаҳон хатар дорад» ,- чунин иброз намуд намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани […]

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар «Кохи Сомон» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласа дар мавзуи «Талабот ба мониторинги пиряхҳо дар саросари ҷаҳон» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». Тавре иброз гардид, набудани мушоҳидаҳо дар баландкӯҳҳо, бахусус дар ҳавзаҳои пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид. […]