ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2025” БАРГУЗОР ГАРДИД.

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2025” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Санаи 2 июни соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо роҳбарии раиси ситод, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи ситоди вилоятии «Тобистон-2025» баргузор гардид. 

Дар кори он аъзои ситоди вилоятӣ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят оид ба рафти омодагӣ ба мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025 изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулон пурсишҳо ба амал овард. Масъулон вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин оид ба бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.  

Дар фарҷом Шшарифуқлло Абдуллозода ба раисони кумитаҳои соҳавӣ супоришҳо дод, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №97 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025” ва қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 25 апрели соли 2025 “Тобистон-2025”-ро бояд дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд. Ҳамчунин таъкид гашт, ки барои дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025, ҳар як Кумитаи соҳавии вилояти масъулият доранд ва бояд тадбирҳо андешанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.