Санаи 4 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба барҳам додани қарздорӣ аз музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Раиси Шӯро ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оиди сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон ва рў ба афзоиш доштани қарздорӣ аз музди меҳнат изҳори нигаронӣ намуд. Ў дар баромади худ таҳлили қарздорӣ аз музди меҳнати кормандонро соҳа ба соҳа таҳлил намуда, аз масъулони соҳа оиди сабабу омилҳои пайдошавии қарздорӣ аз музди меҳнат пурсиш ба амал овард. Инчунин таъкид намуд, ки фаъолияти масъулони иттифоқҳои касабаи соҳаҳои алоҳида, ки дар онҳо қарзи музди меҳнат мавҷуд мебошанд, нокифоя мебошанд. Ҳамчунин, масъулини корхонаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби музди меҳнат қарздор мебошанд ба вазифаи худ беэътиноӣ зоҳир карда, ӯҳдадорӣ оид ба марҳила ба марҳила пардохт кардани қарзи музди меҳнатро ба иҷро нарасонида истодаанд.
Қарздорӣ асосан ба соҳаҳои саноат, идораи беҳдошти замин ва обьёрии соҳаи кишоварзӣ, КВДК “Хуҷандобуканал” ва КДК Нақлиёти мусофиркашонии ш. Хуҷанд тааллуқ дорад.
Масъулини соҳаҳо вазифадор карда шуданд, ки фаъолиятро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо сарварони корхонаҳо такмил дода, барои сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон ва барои бартараф намудани қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.