Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тибқи нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Федератсия чорабинӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҷамъомад кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва  кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода қаблан аз Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр ёдовар шуда, сониян оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар раванди таҳия ва тасвиби он худ то андозае саҳм дорад, татбиқи муттасили қонуни мазкур дар ҷомеа  ва ҳамчунин  бобати ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо ботафсил сухан ронд.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин корманди  масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Аминов баромад карда, рукнҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро мавриди тавзеҳ қарор дода, ҳамчунин оятҳоро аз Қуръони маҷид, ки таранумгари сарфаю сариштакорианд, қироат намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.