Имрӯз дар Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон тибқи нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Федератсия чорабинӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи моддаи 7 (ҷашнҳои расмӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷамъомад кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.
Қаблан муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи муттасили қонуни мазкур дар ҷомеа ва ҳамчунин бобати ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо сухан ронд. Сониян дар назди ҳозирин Самизода Ҳамро – узви комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Федератсия, раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ баромад карда, талаботи моддаи 7 (ҷашнҳои расмӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро мавриди тавзеҳ қарор дод.