Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҳайати раёсати кори конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод ва аз ҷониби вакилон қабул гардид. Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроия, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби аъзои комиссияи тафтишотӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Масъалаи фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода, қайд гардид, ки дар ин давра масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ кӯшиш намуданд, ки тибқи дастуру вазифагузориҳои Раиси муаззами ҳизбам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав ва қабули босифати узвият ба аъзогии ҲХДТ баланд бардошта шавад. Дар ин давра ҷиҳати зиёд намудани сафи ҳизб чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Дар кори конфронс узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки танҳо чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.
Ҳамчунин, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳангоми сафари корӣ Маликшо Неъматзода бо аъзои фаъоли ҳизб ва ҳаракати иттифоқҳои касабаи ноҳия вохӯриҳо анҷом дод.