ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ХОТИРМОН БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ХОТИРМОН БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёби гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушду баркамол ва соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат пайваста таъкид медоранд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям” .

Дар партави гуфтаҳои боло, нимаи дуюми рӯзи 30-юми соли ҷорӣ аз тарафи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозакзода Зулҳия ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Самизода Мусобек бо мақсади вохӯри ва аёдат ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии мактаб – интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ташриф оварданд. Зимни шиносоӣ бо тарбиятгирандагон қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри дастгирии ятимон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Аз тарафи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, сӣ адад роҳхат ба лагери тобистонаи маркази солимгардонии вилояти Суғд ва як адад оинаи нилгун тақдим гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.