7 август дар толори бинои қасри варзиши Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид.
Конференсия бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар, Руқия Қурбонова, собиқадори соҳаи меҳнат, Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Соро Охунова, намоянда аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, собиқадорони он, мураббиёни мактабҳои ҷумҳуриявӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд. Нахуст Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси КҶВ баромад карда, ҳозиринро бо натиҷаи нишондодаи варзишгарони меҳан табрик намуд. Ӯ қайд кард, ки ин ҳама натиҷаҳо маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифта, бо талошу заҳматҳои ин марди наҷиб кишвари мо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид.
“Маҳз фазои ободи меҳан ва соҳибистиқлолии кишвар буд, ки имрӯз варзишгарони мо ба чунин натиҷаи назаррас даст ёфта, парчами кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Варзишгарони тоҷик бо ба даст овардани се медали биринҷӣ аз Бозиҳои олимпии Париж – 2024 мавқеи Тоҷикистонро дар ҷадвали мусобиқа ба таври назаррас боло бурданд. Миёни он кишварҳое, ки аз Тоҷикистон поёнтар буданд, давлатҳое низ ҷой доштанд, ки соҳаи варзишашон аз кишвари мо ба маротиб болост. Аммо варзишгарони мо бо талошу заҳмати беназири худ бори дигар ғурури тоҷиконаро ба ҷаҳониён нишон дода, дар ҷавоб ба ин ҳама дастгириҳои Сарвари давлат чунин натиҷаро барои таърихи варзиши меҳан сабт карданд” – гуфт дар идомаи суҳбати худ Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Дар идома ҳамчунин Руқия Қурбонова, Маликшо Неъматзода ва Соро Охунова суханронӣ карданд, ки меҳвари асосии баромади онҳоро низ маҳз талошҳои Сарвари давлат баҳри ба даст овардани Истиқлолият ва рушди бесобиқаи соҳаи варзиши ҷумҳурӣ дар замони соҳибистиқлолии меҳан ташкил медод. Дар қисмати охири чорабинӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба меҳмонон сипоснома тақдим карда шуд. Дар баробари ин, ба як қатор варзишгарон унвонҳои гуногуни устоди варзиш тақдим гардид.