Бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

06.03.2025. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.  Дар он кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва занони роҳбари кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода қаблан бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, сониян роҷеъ ба мақому манзалат ва рисолати зан дар ҷомеа суханронӣ намуд.

Раиси Федератсия  аз ҷумла қайд намуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштаанд, ки зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.

Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.

Яъне мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модарони мо хору зор шаванд. Дар охири ҷамъомад бонувон бо гулу туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.