Ғолибонро Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ намуд

Ғолибонро Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ намуд

Дар майдони футболи хурди назди Қасри варзишии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 33-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур тӯли 10 рӯз давом карда, 8 даста барои ба даст овардани ҷоми мусобиқа байни ҳам рақобат намуданд.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон, намояндаи лигаи олии футзали Тоҷикистон ва ба ҳайси меҳмони фахрӣ ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж – 2024 Сомон Маҳмадбеков иштирок доштанд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа ҷому медалҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.