Дирӯз Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия Ветлужских Андрей, ки дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ баргузор намуд. Дар рафти сӯҳбат бандҳои Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Россия, ки ба ҳамкориҳои минтақавӣ бахшида шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.