ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯ

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ оғоз ёфта, Раиси Федератсия муҳтарам Чиллазода Қарахон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми аъзои иттифоқҳои касабаи кишварро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллӣ самимона табрику шодбош гуфт.

Зимни баромад таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимтарини соҳибистиқлолӣ, ҳастии миллат ва давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбад. Қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувори эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати саросарии кишвар гардид.

“Имрӯз Парчами давлатии мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун нишони кишвари сулҳпарвар, соҳибтамаддун ва рӯ ба инкишоф парафшон аст. Барои мо, кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ пеш аз ҳама дар меҳнати софдилона, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватан таҷассум меёбад», – иброз дошт Қарахон Чиллазода.

Дар идома иштироккунандагони ҷаласаи тантанавӣ андешаҳои худро пиромуни дастовардҳои даврони истиқлол ва нақши иттифоқҳои касаба дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа Раиси Федератсия бо таманиётҳои нек кормандонро ба корҳои созанда, меҳнати содиқона ва бунёдкорӣ даъват намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.