ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии омӯзгорон дар самти технологияҳои замонавӣ, яъне амалисозии пурраи ҳадафҳои «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042»-ро таъмин намояд. Чунин дастур доданд ба масъулини соҳа имрӯз зимни суханронӣ бахшида ба оғози соли нави хониш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ин масъала зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот 20-уми марти соли 2024 «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028» қабул гардид. Ҳамчунин, соли 2022 «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» тасдиқ карда шуд.
Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки солҳои охир дар самти рақамикунонии соҳа корҳои муайян анҷом дода шудаанд, вале ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Яъне имрӯз соҳаи маориф ва илми мамлакат аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст.
Бинобар ин, Роҳбари давлат супориш доданд, ки ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созанд.
Инчунин Пешвои миллат ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгорӣ супориш додаанд, ки ҷиҳати тарбияи омӯзгорони ба талаботи замона ҷавобгӯй тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд.
«Ҳамчунин, зарур аст, ки муассисаҳои зикршуда ҳар панҷ сол аз аккредитатсия ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳар се сол аз аттестатсия гузаронида шаванд», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон. Зеро ба гуфтаи Сарвари давлат, барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст.