Дирӯз, соати 18:00 бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Меҳри Ватан» шоми эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ҷоизаи Чингиз Айтматов Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид.
Зимни чорабинии бошукӯҳи адабиву фарҳангӣ роҳбарони як зумра ташкилоту муассисаҳо, ходимони илму фарҳанги кишвар, намояндагони ВАО ва дӯсторону пайравони каломи меҳри шоири маҳбубу ватансаро Устод Муҳаммад Ғоиб иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ сараввал иштирокдорони маҳфили адабиро ба ифтихори 33 – юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош гуфта, қудуми шоири ватансарову маҳбуби дилҳо Муҳаммад Ғоибро ба маҳфили адабии “Меҳри Ватан” хайрамақдам гуфтанд.
Илова намуданд, ки воқеан Муҳаммад Ғоиб аз саромадони шоирони ватанпарвар ва ватандӯсти тоҷик буда, муҳтавои асосии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, пос доштани хоки ин сарзамини биҳиштосо ва рамзҳои муқаддаси миллӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон дигарон низ дар ин маҳфили адабӣ суханронӣ намуда, баён доштанд, ки Муҳаммад Ғоиб аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли шеъру адабиёти имрӯзи тоҷик аст, ки бо ашъори мондагор ва баландмазмун дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб мебошад.
Дар воқеъ Муҳаммад Ғоиб яке аз қаламкашони тоҷик мебошад, ки бо ашъори баландмазмун дар байни мардум маъруфият пайдо кардааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.
Ҳамзамон маврид ба ёдоварист, ки Устод Муҳаммад Ғоиб дар озмуни байналмилалии “Осиёи адабӣ – 2023”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон багузор гардида буд, дар номинатсияи назми миёни 64 кишвари иштирокчӣ мавқеи сазоворро ишғол намуда бо Диплом, Гран при ва медали Иттиҳоди байналмилалии дипломатияи халқҳои Осиё сарфароз гардид. Дастоварди навбатии Устодро зимни маҳфили адабӣ дар фазои тантанавӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумита тақдим намуданд.
Муҳаммад Ғоиб соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин шуда, бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардидааст.
Мавзуи ашъори Муҳаммад Ғоиб тараннуми Ватан, истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ, модар, инсон ва худшиносӣ, ишқу муҳаббат ва амсоли инҳо мебошанд, ки дар эҷодиёти шоир ба таври табиӣ, нарму самимӣ ва сода ифода меёбанд. Аз ҷумлаи шеърҳои ватандӯстонаи ӯ шеъри «Ватандорист» байни мардум бештар машҳур аст:
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.
Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда ҷон дорад,
Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист.
Танур аз оташу оби намакдораш ғизо гирад,
Нишони хӯрдани нонаш намебинам, ватандорист.
Ҳамон марде, ки аз тири адӯ дорад ҷароҳатҳо,
Вале чашмони гирёнаш намебинам, ватандорист.
Парешонгаштагонро то қиёмат нест осоиш,
Ҳамон ҷамъи парешонаш намебинам, ватандорист.
Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чӣ кор ояд,
Диле холӣ зи армонаш намебинам, ватандорист.
Раҳи осоншавии мушкили худро ҳама ҷӯянд,
Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам, ватандорист.
Фидоиро Муҳаммад шиква аз бори гаронам нест,
Зи умри худ пушаймонаш намебинам, ватандорист.
Дар маҳфили адабӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок, суханронӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро бо “Нишони Фахрӣ”-и ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.