Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Бо арзи этиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шуморо ба муносибати Рўзи омӯзгорон табрик намуда, ба шумоён дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.
Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.
Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Ниёгони мо тавассути осори ҷовидона инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят намудаанд.
Устодону омӯзгорони азизро бори дигар бо ин иди саид табрик гуфта, умед бар он дорем, ки шумо рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорем. Идатон фархунда бод, омӯзгорони азиз!