Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба, ҳамдиёрони азиз!
Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда мешаванд. Он соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим намуда, барои рушди устувор ва босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи кофӣ фароҳам меорад
Дар моддаҳои 28, 30, 34 ва 37 ҳуқуқҳои шаҳрванд дар иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва ҳуқуқи истироҳат ба таври возеҳ таҷассум ёфтаанд.
Пешвои маҳбубамон, ки худ парвардаи мактаби иттифоқҳои касаба буд, рисолати бузургеро натанҳо дар таҳкими иттифоқҳои касаба анҷом доданд, балки барои ҳамрайъӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳадафҳои аслӣ ва асосии иттифоқҳои касаба мебошад, хизматҳои шоиста ва мондагореро анҷом доданд.
2 августи соли 2011 Пешвои муаззами миллат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур, таъсиси иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои онҳоро муайян намуда, муносибатҳои иттифоқи касабаро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар иттиҳодиҳояҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамоянд.
Марҳиллаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сисолаи истиқлолияти давлатӣ, маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави меҳнатӣ, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳандозӣ намудани дигар тадбирҳои иловагӣ соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди муносибатҳои меҳнатӣ бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шуд.
Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба, ҷашнгирии он ба ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
Имрӯзҳо Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.
Иттифоқҳои касаба кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқҳои конститутсиони ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд.
Дар охир шумоёнро бори дигар бо Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо тансиҳатӣ, тавфиқи кор ва ободии хонадонро таманно менамоям.
Бо эҳтиром,
Раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода