Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамоиши идона баргузор гардид.
Ҳамоишро Зулҳия Нозакзода раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Абдураҳимзода Дилором Рустам, судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми нави давлатдории миллӣ маърўза намуданд.
Зикр гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои таърихӣ ва қобили таваҷҷуҳе ба шумор меравад, ки дар таҳкими аркони давлативу ҳаёти осоишта нақши муҳим гузошт. Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, низоми зиндагии моро мувофиқ ба талаботи замони муосир муқаррар кард. Таъкид гардид, ки дар робита ба нақш ва аҳамияти Конститутсия дар марҳалаи нави давлатсозӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».